Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Конибодом

  • Home
  • Tajikistan
  • Kanibadam
  • Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Конибодом

Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Конибодом муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар шаҳри Конибодом

02/09/2026
Баргузори мусобиқаи варзиши аз рӯи намуди волейбол байни корхонаву ташкилотҳои шаҳри Конибодом. Дар доираи нақша чорабин...
02/09/2026

Баргузори мусобиқаи варзиши аз рӯи намуди волейбол байни корхонаву ташкилотҳои шаҳри Конибодом.
Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол баргузор гардид.

Суратгузориш аз рафти мусобиқа шаҳри Конибодом.

ш. КОНИБОДОМ         СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ АЗ РӮИ НАМУДИ ТЕНИСИ РУИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ТА...
28/08/2026

ш. КОНИБОДОМ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ АЗ РӮИ НАМУДИ ТЕНИСИ РУИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
ДАР ДОИРАИ НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ КУМИТАИ КОР БОҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМКОРИ БО МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ ТЕНИСИ РУИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД.

28/08/2026
ХОНИШҲОИ СИЁСИПеш аз вохурии рафиқона
27/08/2026

ХОНИШҲОИ СИЁСИ
Пеш аз вохурии рафиқона

МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР КОНИБОДОМ   Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди вило...
16/08/2026

МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР КОНИБОДОМ

Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд таҳти унвони «35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзиш», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар заминаи сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ баргузор шуда, дар он варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Конибодом иштирок намуда, аз номи Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба варзишгарон, мураббиён ва иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ, рақобати солим ва натиҷаҳои назаррас орзу намуд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат барои рушди варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва баланд бардоштани маҳорати варзишгарон тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Баргузории чунин мусобиқаҳо дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, тарбияи ҷавонони солим ва муаррифии дастовардҳои варзишии кишвар нақши муҳим дорад.
Мусобиқа дар фазои идона ва рақобати солим идома ёфта, варзишгарон барои ба даст овардани Ҷоми Раиси вилояти Суғд ва ҷойҳои ифтихорӣ маҳорати баланди худро нишон доданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва варзишгарони беҳтарин бо медал, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Address

Kanibadam

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Конибодом posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share