01/03/2021
ҶАВОНОН-ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ.
Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун мулоқоти Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон бо ҷавонон ва варзишгарони шаҳр Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони "ҶАВОНОН-ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ" бо ҳисси миллии ватандорӣ доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ Гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳр ва волонтёрону варзишгарон баромад намуда оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат андешаҳои худро ироа намуданд.