Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод

ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲАИ ВОЙДАРА БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТ ТАҶЛИЛ ГАРДИД   Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 3...
03/09/2026

ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲАИ ВОЙДАРА БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Войдараи Ҷамоати деҳоти Муҷихарф чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар иштирок намуда, Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзодаро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ ба самъи ҳозирин расонид.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ барои рушди устувори кишвар, таҳкими сулҳу субот ва ободии Ватани маҳбуб заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби сокинони деҳа намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ ва фарҳанги ғании мардуми деҳот дарак медод.
Чорабинии идона бо барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфта, дар фазои баланди идона ва рӯҳияи ватандӯстӣ баргузор гардид.

01/09/2026
01/09/2026
01/09/2026
01/09/2026

Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ
01.09.2026
https://www.president.tj/event/news/56936

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.

Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин ташаббус саҳми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният инъикос менамояд.

МЕДАЛИ ҶАШНӢ МУБОРАК, МУҲТАРАМ РАИС! Аз номи ҷавонону варзишгарони ноҳияи Нуробод Шуморо ба муносибати сазовор гардидан ...
31/08/2026

МЕДАЛИ ҶАШНӢ МУБОРАК, МУҲТАРАМ РАИС!

Аз номи ҷавонону варзишгарони ноҳияи Нуробод Шуморо ба муносибати сазовор гардидан бо медали ҷашнии "35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сидқан шодбош мегуем.

Қадрдонӣ гардидан бо чунин мукофот ин натиҷаи заҳматҳои Шумо баҳри пешрафти хоҷагии халқи ноҳия ва саҳмгузорӣ дар боло рафтани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мебошад.

Маҳз меҳнатҳои софдилонаатон баҳри амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод боиси бо медали ҷашнӣ сарфароз гардидани Шумо шуд.

Бори дигар Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо медали ҷашнӣ табрик гуфта, дар фаъолияти пурмасъулатон бурдбориҳо таманно дорем.

Медали ҷашнӣ муборак!

Address

н. Нуробод
Dushanbe

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share