Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии N2 оид ба таеквондо ва камонварӣ

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии N2 оид ба таеквондо ва камонварӣ

Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии N2 оид ба таеквондо ва камонварӣ Школа олимпийцев

26/09/2026
26/09/2026

ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ - ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Собиқадорони парламенти тоҷик!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 26 сентябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Парламентаризм яке аз рукнҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, дар таҳкими низоми сиёсию ҳуқуқии ҳар кишвар аҳаммияти хоса дорад.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди намояндагии халқ ва мақоми олии қонунгузор дар ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат, ифодаи манфиатҳои ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад.
Парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти худро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои ниҳоят ҳассосу мураккаб оғоз намуда, дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии давлат саҳми назаррас гузоштааст.
Фаъолияти қонунгузории мамалакат бо дарназардошти арзишҳои давлатдории миллӣ, манфиатҳои ҷомеа ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ пайваста такмил ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо дарки масъулияти баланд дар назди давлату миллат дар таҳия ва қабули қонунҳо, намояндагии манфиатҳои мардум ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳми бориз мегузоранд.
Ҳамзамон, густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва дипломатияи парламентӣ ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва муаррифии ташаббусҳои кишвар мусоидат мекунад.
Бо дарки масъулият бояд гуфт, ки фаъолияти мақоми қонунгузор дар шароити имрӯза, пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кишвар равона шудааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, собиқадорони парламенти Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанонамонро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатию ҷамъиятӣ комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор ва ояндаи боз ҳам ободу шукуфонро таманно дорам.
Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

26/09/2026
МУСОБИҚАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА КАРАТЭ-ДО ВКФ БАЙНИ НАВРАСОН ВА КАЛОНСОЛОН      26.09.2026                 ш. ДушанбеТибқ...
26/09/2026

МУСОБИҚАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА КАРАТЭ-ДО ВКФ БАЙНИ НАВРАСОН ВА КАЛОНСОЛОН

26.09.2026 ш. Душанбе

Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №2 оид ба таеквондо ва камонварӣ»-и шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба каратэ-до ВКФ байни наврасон ва калонсолон баргузор гардид.
Дар маросим кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзиши шаҳри Душанбе ва маъмурияти муассиса иштирок ва суханронӣ намуда, иштирокчиёнро табрику таҳният намуданд.

ИСТИҚБОЛИ ВАРЗИШГАРИ МУВАФФАҚИ МУАССИСА ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 20-УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁӢЁдовар мешавем...
26/09/2026

ИСТИҚБОЛИ ВАРЗИШГАРИ МУВАФФАҚИ МУАССИСА ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 20-УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁӢ

Ёдовар мешавем, ки Муминов Махсатулло варзишгари муассиса аввалин медали Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ -2026 оид ба каратэ-до ВКФ соҳиб гардид.
Варзишгари муваффақи Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 2 оид ба таэквондо ва камонварӣ" - и шаҳри Душанбе Муминов Махсатулло аз намуди карате-до WKF дар вазни то 55 кг дар Бозиҳои ХХ Осиё дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон ширкат варзида сазовори медали биринҷӣ гардид.

Санаи 26 сентябри соли 2026 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими истиқболи ғолибон ва ҷоизадорони 20-умин Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбариати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсия каратэ-до ВКФ-и Тоҷикистон ва маъмурияти Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 2 оид ба таэквондо ва камонварӣ" - и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

20/09/2026
20/09/2026
20/09/2026

Address

Шамси 59
Dushanbe

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии N2 оид ба таеквондо ва камонварӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share