Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Қубодиён

Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Қубодиён Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Қубодиён, Sport & recreation, ноҳия Қубодиён, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Kurgan-Tyube.

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ  БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИДИ НАМУДИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ “ГУШТИНГИРӢ” МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БАХШИДА БА 3...
24/08/2026

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИДИ НАМУДИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ “ГУШТИНГИРӢ” МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАХТИ САНГИН ДЕҲАИ САЙНАЗАР ХУДОЙКУЛОВ БО ИШТИРОКИ МУДИРИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ВА ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАКТАБИ ВАРЗИШӢ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. АКСҲО АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ.

 #ҚУБОДИЁН: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ "ШАШКАВУ ШОҲМОТ" БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ...
24/08/2026

#ҚУБОДИЁН: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ "ШАШКАВУ ШОҲМОТ" БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мусобиқаи "Шашкау Шоҳмот" аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёд аз 16- нафар сокинон, аз деҳаҳои ҷамоати номбурдаи ноҳияи Қубодиён аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида. зиёда аз 40- нафар сокинони маҳаллӣ деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд.
Инчунин имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.

Аксҳо аз рафти баргузории мусобиқа.

21.08.2026.                                   н.Қубодиён   Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзи...
24/08/2026

21.08.2026. н.Қубодиён
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мусобиқаи варзиши аз намуди Волейболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Қубодиён байни дастаҳои мактаби варзишӣ ноҳия ва дастаи Шӯъбаи маорифи ноҳия дар варзишгоҳи МТМУ-13 ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 20- нафар ҷавонон ҷалб гардидааст. 50- нафар кормандон дастаи худро мухлиси намуданд.
Дар фарҷом натиҷаи бози 2:0 ба фоидаи дастаи мактаби варзишӣ ноҳияи Қубодиён анҷом ёфт.аксҳо аз рафти баргузории чорабини

 #ҚУБОДИЁН: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ "ШАШКАВУ ШОҲМОТ" БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ...
24/08/2026

#ҚУБОДИЁН: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ "ШАШКАВУ ШОҲМОТ" БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мусобиқаи "Шашкау Шоҳмот" аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёд аз 26- нафар сокинон, аз деҳаҳои ҷамоати номбурдаи ноҳияи Қубодиён аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида. зиёда аз 40- нафар сокинони маҳаллӣ деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд.
Инчунин имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.

Аксҳо аз рафти баргузории мусобиқа.

 #ҚУБОДИЁН: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ "ШАШКАВУ ШОҲМОТ" БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ...
24/08/2026

#ҚУБОДИЁН: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ "ШАШКАВУ ШОҲМОТ" БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мусобиқаи "Шашкау Шоҳмот" аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёд аз 6- нафар сокинон, аз деҳаҳои ҷамоати номбурдаи ноҳияи Қубодиён аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида. зиёда аз 10- нафар сокинони маҳаллӣ деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд.
Инчунин имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.

Аксҳо аз рафти баргузории мусобиқа.

🏆 205 МУТАХАССИСИ СОҲАИ ВАРЗИШ СОҲИБИ ДОНИШҲОИ НАВ ВА СЕРТИФИКАТ ШУДАНД📚 СЕМИНАРҲОИ «ПСИХОЛОГИЯИ ВАРЗИШ» ВА «ТИББИ ВАРЗИ...
24/08/2026

🏆 205 МУТАХАССИСИ СОҲАИ ВАРЗИШ СОҲИБИ ДОНИШҲОИ НАВ ВА СЕРТИФИКАТ ШУДАНД

📚 СЕМИНАРҲОИ «ПСИХОЛОГИЯИ ВАРЗИШ» ВА «ТИББИ ВАРЗИШ» ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

Дар шаҳри Душанбе санаи 22 августи соли 2026 семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Психологияи варзиш» ва «Тибби варзиш», ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» баргузор гардиданд, ҷамъбаст шуданд.

Семинари омӯзишии «Психологияи варзиш» аз 13 то 20 августи соли 2026 ва семинари «Тибби варзиш» аз 20 то 22 августи соли 2026 доир гардида, ба такмили дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш равона шуданд.

🎓 Дар доираи семинарҳо ба иштирокчиён масъалаҳои муҳими психологияи варзиш, тибби варзиш, омодагии равонӣ ва ҷисмонии варзишгарон, физиологияи варзиш, солимии варзишгар, пешгирии осебҳои варзишӣ ва дигар самтҳои муосири варзиш пешниҳод гардиданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон аз Ҷумҳурии Беларус мутахассиси сатҳи баланд — номзади илмҳои тиббӣ, дотсент, мутахассиси илмӣ ва таҷрибадор дар самти психология ва тибби варзиш, Виталий Владимирович Маринич, аз Донишгоҳи Полесии Ҷумҳурии Беларус, ба шаҳри Душанбе даъват карда шуд.

👥 Дар ду семинари омӯзишӣ дар маҷмӯъ 205 нафар мураббиён, варзишгарон, табибон, омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иштирок намуда, дар фарҷоми омӯзиш соҳиби сертификат гардиданд.

🤝 ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРҲО
Дар маросими ҷамъбасти семинарҳо муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб ва директори Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» Шаҳбози Искандар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои такмили ихтисоси кадрҳо, табодули таҷрибаи байналмилалӣ, ворид намудани донишҳои муосири илмӣ ба раванди омодагии варзишгарон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва психологӣ дар варзиш аҳамияти муҳим дорад.

📜 Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён сертификатҳои иштирок тақдим карда шуданд.

🎁 Ҳамзамон, барои меҳмони хориҷӣ ва мутахассиси варзидаи соҳа Виталий Владимирович Маринич ҳамчун нишонаи эҳтиром ва қадрдонӣ туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла ҷомаи зардузии шоҳона, тоқии чакан ва хушкмеваҳои Тоҷикистон, инчунин Сипоснома тақдим гардид.

🇹🇯 Баргузории чунин чорабиниҳо қадами муҳим дар роҳи рушди илм ва таълими варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мураббиён ва мутахассисон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба соҳаи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Директори муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ноҳияи Қубодиён. Кулулов Мирзосафар.

10.08.2026.          н.Қубодиён.  Тибқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳури...
11/08/2026

10.08.2026. н.Қубодиён. Тибқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён нақшаи чорабиниҳои варзишӣ оид ба намуди варзиши Футбол байни деҳаи ба деҳаи маҳалла бо маҳалла бахшида ба рӯзи варзишгарон баргузор гардид. Дар деҳаи Парчами Ковиён ҷамоати деҳоти Вобканд ноҳияи Қубодиён мусобиқаи футбол миёни деҳаи Ҳаваскор ва Доққи баргузор гардид, ки ғолибият ба дастаи деҳаи Ҳаваскор ҷамоати деҳоти Тахти Сангин гашт 7:4. Аксҳо аз рафти баргузории чорабинӣ.

10/08/2026
РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН - ҶАШНИ НЕРӮМАНДӢ, САЛОМАТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 август ҳамчун Рӯзи ва...
10/08/2026

РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН - ҶАШНИ НЕРӮМАНДӢ, САЛОМАТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтирому қадрдонӣ ба ҳамаи варзишгарон, мураббиён, собиқадорони соҳа, доварон ва ҳар шахсе мебошад, ки дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саҳми арзанда мегузорад. Ин ҷашн барои арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои варзишгарон ва баланд бардоштани мақоми варзиш дар ҷомеа пешбинӣ шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар варзишгоҳҳо, толорҳои замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ бунёд гардида, барои машғулияти ҷавонон ва наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо ба даст овардани медалҳои арзишманд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд ва Суруди миллиро дар арсаи байналмилалӣ танинандоз месозанд. Ин дастовардҳо далели равшани рушди соҳаи варзиш ва маҳсули заҳмати шабонарӯзии варзишгарону мураббиён мебошанд.
Рӯзи варзишгарон на танҳо иди аҳли варзиш, балки ҷашни тамоми ҷомеа мебошад. Зеро варзиш василаи муҳими тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ, ташаккули иродаи қавӣ, ватандӯстӣ ва муттаҳидии ҷомеа ба шумор меравад. Ҷавононе, ки ба варзиш машғул мешаванд, дар баробари нерӯи ҷисмонӣ, ҳисси масъулият, интизом, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро низ дар худ парвариш медиҳанд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Зеро ҷомеаи солим аз ҷавонони солим оғоз мегардад ва ҷавонони нерӯманд кафили ояндаи дурахшони Ватани азиз мебошанд.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи варзишгарон, мураббиён, омӯзгорони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, собиқадорони варзиш ва дӯстдорони ин соҳаи муҳимро ба муносибати Рӯзи варзишгарон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, иродаи қавӣ, комёбиҳои нав ва пирӯзиҳои бузург ба хотири баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ орзу менамоем.

Директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар

8.08.2026       ноҳияи Қубодиён       "МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ-РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ" Бо ташаббуси раиси ...
08/08/2026

8.08.2026 ноҳияи Қубодиён

"МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ-РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ"

Бо ташаббуси раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидании варзиш миёни аҳолӣ ва ҷалб намудани онҳо ба тарзи ҳаёти солим бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ва кормандони дигар ташкилотҳои ноҳия ва сокинони гирду атрофи мақомот дар майдони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён машқҳои пагоҳирӯзӣ, дастаҷамъона гузаронида шуд.аксҳо аз рафти баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.бо иштироки устод Кулулов Мирзосафар.

Address

ноҳия Қубодиён, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Kurgan-Tyube

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Қубодиён posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share