МД «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд

  • Home
  • Tajikistan
  • Khujand
  • МД «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд

МД «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд Спорт

Маросими тақдими Ифтихорномаҳо ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣДар толори барҳавои ДДҲБСТ маросими супоридани ...
03/09/2026

Маросими тақдими Ифтихорномаҳо ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар толори барҳавои ДДҲБСТ маросими супоридани Ифтихорнома ба фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоятро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз мегардонад.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс ҳамагонро бо фарорасии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ҳам, Истиқлолият ганҷи бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»
Шаҳрдор гуфт, ки агар ба марҳилаи рушди 35 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла маркази вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамарўза вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Ҳамчунин, бо шукргузорӣ метавон қайд намуд, ки имрўзҳо амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бо санъати баланди меъмории муосири миллӣ бунёди иншооту биноҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кўчаҳо бомаром идома дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Дар анҷоми суханронии худ раиси шаҳр бо эътимоди комил изҳор дошт, ки мо бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ, ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 90 нафар ашхоси касбу кори гуногун Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДИ ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНДДар доираи нақшаи чорабиниҳо...
29/08/2026

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДИ ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз байни кормандони Шуъбаи маориф ва Идораи сохтмони асосии шаҳр баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 13 нафар кормандону масъулини сохторҳои номбурда ҷалб гардида, 17 нафар кормандону сокинони маҳаллӣ ҷараёни баргузории мусобиқаро мухлисӣ намуданд.
Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.

ИСТИҚЛОЛ — САРЧАШМАИ РУШД ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИстиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин...
29/08/2026

ИСТИҚЛОЛ — САРЧАШМАИ РУШД ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи демократӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди рушди кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Истиқлол ба миллати тоҷик имконият дод, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, барои рушди минбаъдаи давлат заминаҳои устувор гузорад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар дигаргуниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба амал омада, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардид. Бунёди роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти энергетикӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ, рушди соҳибкорӣ ва дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки дар даврони истиқлол ба таври назаррас рушд ёфтанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол таҳкими мавқеи ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии кишвар қарор дошта, барои таҳсил, касбомӯзӣ, рушди истеъдод, фаъолияти соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо дониш, малака, меҳнати софдилона ва ташаббусҳои созанда дар пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар ин миён соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ дар даврони истиқлол ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Рушди варзиш барои солимии ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, таҳкими ирода ва тарзи ҳаёти солим аҳамияти бузург дорад. Бунёду навсозии майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, дастгирии варзишгарон ва мураббиён, баргузории мусобиқаҳои гуногун ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои рушди ин соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Варзишгарони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ бо азму иродаи қавӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо ба даст овардани медалҳои арзишманд парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон ва номи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд.
Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба ин дастоварди муқаддаси миллӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намояд. Истиқлол неъмати бебаҳоест, ки ҳифзу таҳкими он аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро тақозо мекунад. Обод намудани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибифтихор мебошад.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни ифтихор, худшиносӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи даврони соҳибистиқлолӣ назар намуда, барои ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистони азиз бо неруи тоза ва иродаи қавӣ талош намоем.

Юсупов Фаррух - методисти Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд

САҲМИ МУРАББИЁНУ ВАРЗИШГАРОН ДАР ОБОДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛБахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
29/08/2026

САҲМИ МУРАББИЁНУ ВАРЗИШГАРОН ДАР ОБОДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз — 29 августи соли 2026, дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандон, мураббиён ва варзишгарон корҳои тозагию ободонӣ баргузор гардид.
Мураббиёну варзишгарон дар ободонии муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди муассиса ва саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона иштирок намуданд.

28/08/2026
Иштироки мураббиёну варзишгарон дар маросими кушодашавии 🏆 Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон 🏸🇹🇯 Дар ...
28/08/2026

Иштироки мураббиёну варзишгарон дар маросими кушодашавии 🏆 Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон 🏸

🇹🇯 Дар маҷмааи варзишии «Суғд Арена» Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон - 2026 баргузор гардида истодааст.
Дар мусобиқа варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд.
📅 Чемпионат аз 27 августи соли 2026 оғоз гардида, то 3 сентябри соли 2026 идома хоҳад кард.
Рӯзи 28 августи соли 2026 дар маҷмааи варзишии «Суғд Арена» маросими расмии кушодашавии чемпионат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Ноиби Президенти Конфедератсияи бадминтони Осиё Пурию Муҳаммадризо, Раиси Кумитаи рушди бадминтони Осиё Ваджида Али ва Раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯразода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Суратгузориш аз рафти чорабинӣ

Иштироки мураббиёну варзишгарон дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба велосипедронӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд ...
26/08/2026

Иштироки мураббиёну варзишгарон дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба велосипедронӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд

26 августи соли 2026 дар пойгоҳи дучархаронии Муассисаи давлатии Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба велосипедронӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд таҳти унвони «35-соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» баргузор гардид.
Мусобиқа ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он варзишгарони ҷавон ва калонсол аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доранд.
Иштирокчиён дар доираи мусобиқа барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, суръат, чолокӣ ва омодагии ҷисмонӣ байни ҳам рақобат намуда, барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ ва Ҷоми раиси вилояти Суғд мубориза мебаранд.
Баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба рушди велосипедронӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву ҳамкории варзишгарони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд.
Суратгузориш аз рафти мусобиқа.

ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКОНИстиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллату давлат бузургтари...
24/08/2026

ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКОН

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллату давлат бузургтарин неъмат ва асоси ҳастии миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон рӯйдоди таърихие мебошад, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил менамоянд.
Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ҳамчун давлати соҳибихтиёр роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро муайян намояд. Дар ин давра кишвари мо марҳилаҳои муҳими давлатсозиро тай намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Истиқлолият пеш аз ҳама эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии миллиро дар ҷомеа тақвият бахшид.
Дар даврони истиқлол соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноат, соҳибкорӣ ва варзиш рушд ёфтанд. Хусусан, рушди соҳаи варзиш ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Бунёду азнавсозии майдончаҳо, толорҳо ва маҷмааҳои варзишӣ, баргузории мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун ва дастгирии варзишгарони ҷавон барои оммавигардонии тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ намуда, Парчами давлатӣ ва Суруди миллиро дар арсаҳои ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Ҳар як медали ба дастомада на танҳо дастоварди шахсии варзишгар, балки ифтихори тамоми миллат ва нишондиҳандаи пешрафти варзиши тоҷик мебошад.
Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият нақши муҳим доранд. Ҷавони солим, соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди масъулият метавонад дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Аз ин рӯ, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва фаъолияти созанда яке аз роҳҳои муҳими тарбияи насли солим ва фаъол мебошад.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо як санаи ҷашнӣ нест. Ин ҷашн моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлат назар намуда, барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистон масъулияти бештар эҳсос намоем. Ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолият барои мо рамзи озодӣ, худшиносӣ, давлатдории миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст. Бигзор 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои нави сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ истиқбол гирифта шуда, барои ҳар як сокини кишвар ҳисси ифтихор аз Ватани соҳибистиқлолро боз ҳам қавитар намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба сулҳу ваҳдат, иқтидори созандаи мардум ва неруи ҷавонон қадамҳои устуворро ба сӯи ояндаи дурахшон мегузорад. Истиқлолият муқаддас аст ва ҳифзу таҳкими он вазифаи наслҳои имрӯз ва фардои Тоҷикистон мебошад.

Юсупова Манзура - и.в. директори Муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд

Address

Khujand
735700

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when МД «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Хуҷанд posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share