02/09/2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН — ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ
Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин мафҳум ба ҳисоб меравад. Ватан сарзаминест, ки инсон дар он ба дунё меояд, ба камол мерасад ва орзуву мақсадҳои худро амалӣ месозад. Муҳаббат ба Ватан аз эҳтироми таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии он оғоз меёбад.
Хизмат ба Ватан яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Барои ҷавонон бошад, ҳимояи марзу буми Ватан на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки нишонаи садоқат, ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ аст. Ҷавоне, ки бо ҳисси баланди масъулият ба хизмати ҳарбӣ меравад, дар роҳи ҳифзи сулҳу оромӣ ва амнияти давлат саҳми арзанда мегузорад.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дарк мекунанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳоянд. Мо бояд ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои пешрафту ободии Ватани азизамон саҳм гузорем. Хизмат ба Ватан танҳо бо гирифтани силоҳ маҳдуд намешавад. Хондани хуб, аз худ кардани дониш, касбомӯзӣ, риояи қонун, эҳтироми калонсолон ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа низ хизмат ба Ватан аст.
Мо — ҷавонон, бояд бо меҳру муҳаббат ба Модар-Ватан муносибат намуда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз талош намоем. Зеро ояндаи давлат дар дасти насли ҷавон аст. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки Ватан ба фарзандони содиқ, донишманд, масъулиятшинос ва далер ниёз дорад.
Хизмат ба Ватан мактаби бузурги тарбия ва масъулиятшиносӣ мебошад. Он дар инсон ҳисси ватандӯстӣ, интизом, ҷасорат, матонат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд бо сари баланд ва эҳсоси ифтихор ба Ватан хизмат намояд.
Дар ҳақиқат, «Хизмат ба Ватан — шарафи ҷавонмардист». Мо ҷавонон бояд бо амалу рафтори нек, донишандӯзӣ, меҳнати созанда ва садоқати худ исбот намоем, ки барои ҳифзу ободии Модар-Ватан ҳамеша омода ҳастем.
Бигзор муҳаббат ба Ватан дар қалби ҳар як ҷавон ҳамеша ҷовидон бошад ва мо барои сулҳу субот, пешрафт ва ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзандаи худро гузорем.
Қурбонова Мавзуна Гирандаи Стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Зафаробод