03/10/2026
3.10 2026, шаҳри Душанбе
САЛОМАТИ САРВАТИ БЕБАҲО:
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ҷисмонӣ ва ҷалби ҷомеа ба машғулиятҳои варзишӣ, имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Парчами давлатӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ ва роҳгардии саломатӣ — терренкур баргузор гардид.
Дар чорабинии солимгардонӣ кормандони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуда, бо иҷрои машқҳои ҷисмонӣ ва роҳгардии саломатӣ ба таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат намуданд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва роҳгардии мунтазам яке аз воситаҳои муҳими нигоҳдории саломатӣ, баланд бардоштани неруи ҷисмонӣ ва рӯҳияи инсон ба ҳисоб мераванд.
«Миллати ҷисман солим — рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст!»
📸 Аксҳо аз рафти машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур — роҳгардии саломатӣ.