Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ ҶАВОНОН

Дар маҳаллаи «Крупская»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.Зимни вохӯрӣ масъалаҳо...
18/09/2026

Дар маҳаллаи «Крупская»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои аҳаммияти хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, риояи қонунҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва ободониву созандагии Ватан баррасӣ шуданд.

Имрӯз дар маҳаллаи «Ҷӯйбодом»-и ноҳияи Сино бо иштироки гурӯҳи корӣ мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.Зимни вохӯрӣ масъала...
18/09/2026

Имрӯз дар маҳаллаи «Ҷӯйбодом»-и ноҳияи Сино бо иштироки гурӯҳи корӣ мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои аҳаммияти хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, риояи қонунҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва ободониву созандагии Ватан баррасӣ шуданд.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШИИ ЗАХИ...
18/09/2026

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШИИ ЗАХИРАҲОИ ОЛИМПИИ №5 ОИД БА НАМУДҲОИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ”-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 19 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фозои идона ва намоши бозиҳои миллии варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

17.09.2026.                                   н. СиноБАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ТАҲТИ УНВОНИ “ФУТБОЛ ВАРЗИШӢ СУЛҲ, ДӮСТ...
18/09/2026

17.09.2026. н. Сино

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ТАҲТИ УНВОНИ “ФУТБОЛ ВАРЗИШӢ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ” БО УСУЛИ МАҲАЛ БА МАҲАЛ ВА ХОНИШИ СИЁСӢ МИЁНИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛА ВА МИНТАКАХО ДАР НОҲИЯИ СИНО БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН

Шоми имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баргузории мусобиқаҳои варзишӣ футбол ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш миёни ҷавонони маҳалла ва минтакахо футбол доир гардид.

Пеш азоғози мусобиқа хониши сиёсӣ доир карда шуд.

18.09.2026.                    н. Фирдавсӣ     Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмон...
18/09/2026

18.09.2026. н. Фирдавсӣ

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонӣ ва ташаккули одати мунтазами машғул шудан ба варзиш дар назди ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд.
Дар чорабинии мазкӯр кормандони ташкилоту муассисаҳо фаъолона ҷалб гардида, таҳти роҳбарии мутахассисони соҳаи варзиш машқҳои гуногуни ҷисмонӣ ва варзишӣ анҷом дода шуданд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ ба беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, баланд бардоштани рӯҳияи корӣ ва ташвиқи кормандон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамоянд.
Чунин иқдом минбаъд низ бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо идома дода мешавад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳури...
18/09/2026

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати тарғиби хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.

 #ШОҲМАНСУР: ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ 35 - СОЛАГИИ...
18/09/2026

#ШОҲМАНСУР: ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҒОЛИБОН
МАҲАЛЛАИ БИНОКОРОН 🥇🏆
МАҲАЛЛАИ ШОҲМАНСУР - 2🥈
МАҲАЛЛАИ ГУЛИСТОН 🥉

17.09.2026                                           н. ШоҳмансурИмрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти ...
18/09/2026

17.09.2026 н. Шоҳмансур

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо МД «Мактаби варзишии ноҳия» мусобиқаи футбол бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома ёфт.

Имрӯз бозии ниҳоии мусобиқа миёни дастаҳои «Шоҳмансур-2» ва «Бинокорон» баргузор гардид. Дар натиҷаи бозии ҷолибу рақобатнок дастаи «Бинокорон» бар рақиби худ бо ҳисоби 2 бао 1 пирӯз гардида, соҳиби ҷойи аввал ва унвони ғолиби мусобиқа гардид.

 #ШОҲМАНСУР: ОҒОЗИ БОЗИИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ БАЙНИ ДАСТАҲОИ “ШОҲМАНСУР -2” ...
18/09/2026

#ШОҲМАНСУР: ОҒОЗИ БОЗИИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ БАЙНИ ДАСТАҲОИ “ШОҲМАНСУР -2” ВА “БИНОКОРОН” БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНГУЗОРӢ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢИстиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат на тан...
17/09/2026

ҚОНУНГУЗОРӢ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат на танҳо соҳиб шудан ба парчам, нишон, забон ва дигар рамзҳои давлатӣ, балки пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани низоми мустақили давлатдорӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва муайян намудани самти рушди ҷомеа мебошад. Давлати соҳибистиқлол танҳо дар сурате метавонад ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи муосир устуворона рушд намояд, ки дар он волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ таъмин бошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, яке аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ташаккул ва пайваста такмил ёфтани низоми қонунгузории миллӣ мебошад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳалаи нави давлатсозӣ ворид гардид. Қонунгузории кишвар бояд ба талаботи давлати мустақил, муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешуд. Дар ин раванд зарурати қабули санадҳои нави ҳуқуқӣ, такмили қонунҳои амалкунанда ва ташкили ниҳодҳои нави давлатӣ ба миён омад. Дар асл, ташаккули давлати соҳибистиқлол бе ташкили заминаи мукаммали ҳуқуқӣ ғайриимкон буд.

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ мебошад. Конститутсия асоси ҳуқуқии давлати соҳибихтиёрро муайян намуда, Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард. Дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, сохтори мақомоти давлатӣ, асосҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва самтҳои асосии давлатдорӣ муайян карда шуданд.

Маҳз Конститутсия заминаи ҳуқуқии ташаккули низоми нави қонунгузории Тоҷикистонро фароҳам овард. Дар он мақоми Маҷлиси Олӣ ҳамчун парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар муқаррар шудааст. Имрӯз Маҷлиси Олӣ аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, фаъолияти онҳо дар доираи салоҳиятҳои конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад. Конститутсия инчунин ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро ба субъектҳои муайян, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст.

Марҳалаи дигари муҳими такмили низоми қонунгузорӣ ба тағйиру иловаҳои соли 1999 вобаста мебошад. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ парламенти касбии думаҷлиса ташаккул ёфт. Ин раванд барои баланд бардоштани сифати фаъолияти қонунгузорӣ ва фароҳам овардани имконияти бештари намояндагии манфиатҳои ҷомеа заминаи муҳим гузошт. Баъдан қонунҳои конститутсионӣ оид ба Маҷлиси Олӣ, мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ қабул гардиданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ қонунгузории Тоҷикистон тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт. Агар дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ ташкили асосҳои ҳуқуқии давлат ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад, дар марҳалаҳои минбаъда қонунгузорӣ ба танзими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа равона гардид.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин давра қабули қонунҳои соҳаҳои гуногун мебошад, ки барои ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ замина гузоштанд. Қонунгузории иқтисодӣ барои рушди соҳибкорӣ ва муносибатҳои бозорӣ, қонунҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дастгирии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, қонунҳои соҳаи маориф ва илм барои рушди сармояи инсонӣ ва қонунҳои марбут ба фарҳанг барои ҳифзи мероси миллӣ ва арзишҳои маънавӣ равона гардиданд.

Дар ин замина қонунгузории Тоҷикистон на танҳо воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки механизми татбиқи сиёсати давлатӣ низ гардид. Қонуни хуб бояд танҳо муносибатеро манъ ё иҷозат надиҳад, балки роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаро муайян намояд. Аз ин рӯ, дар даврони истиқлолият раванди қонунгузорӣ бо дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пайваста такмил ёфтааст.

Дар баробари қабули қонунҳои нав, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйирот марҳалаҳои муайяни рушди низоми конститутсионии кишварро инъикос намуда, барои мутобиқ намудани сохтори ҳуқуқӣ ба талаботи давра хизмат карданд.

Ташаккули қонунгузории миллӣ ҳамчунин ба зарурати мутобиқ намудани қонунҳои кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ вобаста буд. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ уҳдадориҳои муайяни ҳуқуқӣ ба зимма гирифта, қонунгузории худро дар бисёр самтҳо бо талаботи санадҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд. Ҳамчунин баъд аз қабули Конститутсия зарурати ба Қонуни асосӣ мутобиқ намудани қонунгузории қаблӣ ба миён омад. Аз ҷумла, соли 1995 санади махсус оид ба мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул гардид.

Дар ин раванд таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳамияти муҳим дорад. Мавҷудияти махзани қонунгузории миллӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар истифодабарандагон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дастрасӣ дошта бошанд. Рақамикунонии низоми ҳуқуқӣ низ яке аз самтҳои муҳими марҳалаи муосири рушди қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад.

Қонунгузории миллӣ дар солҳои истиқлолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ пайваста такмил ёфтааст. Муқаррароти Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад. Ин меъёр дар ташаккули тамоми низоми қонунгузории минбаъда аҳамияти бунёдӣ дорад. Қонунҳои соҳавӣ бояд ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро мушаххас намуда, механизмҳои амалисозӣ ва ҳифзи онҳоро муайян намоянд.

Дар баробари ин, рушди қонунгузорӣ ба таҳкими волоияти қонун ва мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат кардааст. Қонунҳои марбут ба мубориза бо коррупсия, ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои муосир дар шароити тағйирёбии муҳити дохиливу байналмилалӣ аҳамияти махсус пайдо карданд. Мубориза бо чунин падидаҳо танҳо бо чораҳои маъмурӣ имконнопазир буда, заминаи мукаммали ҳуқуқӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро талаб мекунад.

Яке аз самтҳои муҳими қонунгузории даврони истиқлолият ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, қонунгузории марбут ба забони давлатӣ, маориф, фарҳанг, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар санадҳои соҳавӣ нишон медиҳанд, ки қонунгузорӣ бо масъалаҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа низ робитаи мустақим пайдо кардааст.

Махсусан, қабули қонунҳое, ки ба рушди маориф ва тарбияи насли наврас дахл доранд, аҳамияти стратегӣ дорад. Ҷомеаи ҳуқуқбунёд аз шаҳрвандоне иборат аст, ки на танҳо ҳуқуқҳои худро медонанд, балки вазифа ва масъулияти шаҳрвандии худро низ дарк мекунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон бояд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва таълимӣ бошад.

Имрӯз қонунгузорӣ дар назди худ вазифаҳои нав мегузорад. Рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, муносибатҳои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ, тиҷорати электронӣ ва дигар равандҳои технологӣ аз давлат тақозо мекунанд, ки заминаи ҳуқуқии худро мутобиқ ба шароити нав такмил диҳад. Қонуни муосир бояд на танҳо ба мушкилоти имрӯз, балки ба муносибатҳои эҳтимолии фардо низ ҷавобгӯ бошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ инчунин масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ тавассути воситаҳои ҳуқуқӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Захираҳои табиӣ, сармоягузорӣ, муҳити зист, об, энергетика, истифодаи замин, амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои стратегӣ ба қонунгузории мукаммал ва дурнамои ҳуқуқии устувор ниёз доранд. Аз ин рӯ, такмили қонунгузорӣ бояд ҳамчун раванди доимӣ ва муттасил ба роҳ монда шавад.

Қонунгузорӣ ҳамчунин бояд ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мусоидат намояд. Барои фаъолияти иқтисодӣ муҳити ҳуқуқии равшан, устувор ва пешбинишаванда зарур аст. Соҳибкор бояд донад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ чӣ гунаанд, муносибаташ бо давлат ва шарикони иқтисодӣ бар кадом меъёрҳо асос меёбад ва дар сурати ба миён омадани баҳс кадом механизми ҳуқуқии ҳалли масъала вуҷуд дорад. Аз ҳамин ҷиҳат, такмили қонунгузории иқтисодӣ яке аз шартҳои муҳими рушди устувори миллӣ мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ қонунгузории Тоҷикистон инчунин барои рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа замина фароҳам овардааст. Ҳамаи ин равандҳо нишон медиҳанд, ки давлатдорӣ бе қонунгузории мукаммал ва механизми татбиқи самараноки он вуҷуд дошта наметавонад.

Дарки моҳияти қонун барои ҳар як шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Қонун танҳо санади расмии аз ҷониби мақоми давлатӣ қабулшуда нест. Қонун кафолати тартибот, ҳифзи ҳуқуқ, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба қонун бояд ба фарҳанги ҳаррӯзаи шаҳрвандон табдил ёбад. Дар ҷомеае, ки шаҳрвандон қонунро эҳтиром мекунанд ва мақомоти давлатӣ низ фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ мемонанд, заминаи устувори рушди давлатдорӣ фароҳам мегардад.

Дар ин замина нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории ҳуқуқбунёди миллӣ ва такмили низоми қонунгузорӣ махсус арзёбӣ мегардад. Аз солҳои аввали давлатсозии навин то имрӯз масъалаи таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва такмили низоми идоракунӣ дар маркази равандҳои давлатдорӣ қарор доштааст. Қабули Конститутсияи соли 1994 ва ташаккули низоми нави парламентӣ аз муҳимтарин марҳалаҳои ин раванд ба ҳисоб мераванд.

Аҳамияти таърихии қонунгузории даврони истиқлолиятро маҳз дар ҳамин бояд дид: Тоҷикистон аз як низоми ҳуқуқии давраи гузашта ба низоми қонунгузории давлати соҳибистиқлол гузашт ва дар тӯли беш аз се даҳсола барои танзими муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи ҳуқуқии худро ташаккул дод. Ин раванд ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, зеро ҷомеа тағйир меёбад, технология рушд мекунад, муносибатҳои иқтисодӣ мураккаб мешаванд ва ба миён омадани масъалаҳои нав қабули санадҳои нави ҳуқуқӣ ва такмили қонунҳои амалкунандаро тақозо менамояд.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дастоварди қонунгузории миллӣ на танҳо аз шумораи қонунҳои қабулшуда, балки аз сифати онҳо, самаранокии татбиқ, дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва таъсири қонунҳо ба рушди ҷомеа арзёбӣ карда шавад. Қонуни хуб он қонунест, ки ба ҷомеа хизмат мекунад, ҳуқуқи инсонро ҳифз менамояд, масъулиятро муайян мекунад ва барои рушди давлат шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмӯъ, солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ гардид. Конститутсия ҳамчун Қонуни асосӣ, фаъолияти парламенти касбӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва соҳавӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи замони муосир заминаҳои муҳими давлатдории ҳуқуқбунёдро ба вуҷуд оварданд. Давом додани ин раванд, баланд бардоштани сифати қонунҳо, таъмини иҷрои ҳатмии онҳо ва густариши фарҳанги ҳуқуқӣ вазифаи муҳими марҳалаи минбаъдаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Зеро истиқлолият танҳо озодии давлат аз вобастагии сиёсӣ нест; истиқлолият инчунин масъулияти сохтани давлатест, ки дар он қонун волоият дошта бошад, ҳуқуқи шаҳрванд ҳифз гардад ва ҳар як инсон дар доираи қонун барои рушди Ватан саҳм гузошта тавонад. Аз ҳамин ҷиҳат, қонунгузории миллӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдории соҳибистиқлол ва кафолати устувории Тоҷикистони муосир мебошад.

Одинабойи Ҳукумалӣ, сармутахассиси раёсати кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Address

Dushanbe

Telephone

+992372217283

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Shortcuts

Share

Category